Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 13, 2013 15:55

 
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Тавре  ки дар торномаи расонаи хабарии www.Hamshahri.com  навишта шудааст, Перу ва Фаронса дар самти тақвияти ҳамкориҳои  мудофиавӣ ба мувофиқа расидаанд.
++++++++++++++++
Шаҳрвандони Молдавия нисбат ба наздик шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо  норозигӣ баён намуда, даст ба тазоҳурот заданд.
+++++++++++++++++
Вазорати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз Австралия  хостааст, ки дар заминаи ҳамкорӣ доштанаш бо Амрико нисбат ба амалҳои кашшофӣ аз кишварҳои минтақа посух диҳад.
++++++++++++++++
   Бар асари амали сӯиқасд ба мошини неруҳои низомии Мозамбик аз ҷониби гуруҳҳои мухолиф 4 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар захмҳои гуногун бардоштаанд.
+++++++++++++++
Аз штати Гоаи Ҳиндустон ҳамаи шаҳрвандонеро, ки ғайриқонунӣ зиндагӣ доштанд, берун мекунанд.
+++++++++++++++
   Ҳукумати Олмон барои бунёди  роҳи оҳани  шаҳри Штутгард аз   пардохти як миллиард евро  худдорӣ намуд. 
++++++++++++++++++
   Дирӯз дар шаҳри Сикандарободи Ҳиндустон бинои дуошёна фурў рафт. Бар асари ин ҳодиса 8 нафар ба ҳалокат расида, 11 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба  беморхонаи марказӣ  интиқол дода шуд.
+++++++++++++++++
   Кормандони мақомоти полиси шаҳри Маскави Федератсияи Русия  гуруҳи қаллобонро, ки тайи чанд соли охир маблағи зиёдро ғайриқонунӣ аз худ мекарданд, боздошт намуданд. Бояд гуфт, ки дар байни дастгиршудагон 7 нафар роҳбарони бонкҳо ва ҳаммаслакони  онҳо низ  буданд.
 
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 13, 2013 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш