Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Задухӯрд дар Афғонистон
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ задухўрди таслиҳотӣ сурат гирифт. Аз рўи маълумоти манбаъҳои хабарии Афғонистон муноқиша дар вилояти Қандаҳор миёни кормандони воҳидҳои низомӣ ва силоҳбадастони аъзои ҷунбиши «Толибон» ба вуқуъ омадааст. Ба гуфти роҳбари матбуоти Хадамоти амнияти миллии кишвар дар пайи набарди тўлонӣ 7 нафар аъзои ҳаракати «Толибон» безарар гардонида шуд.
Заминларза дар Индонезия
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷазираи Суматраи Индонезия заминларзаи сахт ба амал омад. Қувваи зилзила мутобиқ ба ҷадвали Рихтер 5,5 дараҷаро ташкил дод. Пажуҳишгоҳи зилзиласанҷии мамлакат маркази асосии заминларзаро дар масофаи 674 километрии қисми ҷанубу ғарбии ҷазираҳои «Симелуэ» ба қайд гирифт. Зилзила музофоти Ачехро низ такон дод. Дар хусуси оқибатҳои офати табиӣ то кунун ягон маълумоти дақиқ дода намешавад.
Зарари тӯфони Ҳайян дар Филиппин
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳазорҳо нафар сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Филиппин дар фурудгоҳи шаҳри Таклобан дар интизори ба ҷойи бехавф панаҳ бурдан мебошанд. Аз сабаби зиёд будани шумораи зарардидагон имкони сари вақт равона намудани онҳо ба ҷойҳои бехатар маҳдуд аст. Бояд гуфт, ки то ҳол аз ҷониби аксар кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ расонидани кўмаки башардўстона ба аҳолии зарардидаи Филиппин идома дорад. Манбаъҳои хабарии дохили кишвар шумораи қурбониёни ин офати табииро 2 ҳазору 700 нафар меҳисобанд, вале расонаҳои хабарии хориҷи кишвар ин шумораро 10 ҳазор нафар мешуморанд.
Обхезии шадид дар Сомали
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Як силсила минтақаҳои Сомали то ҳанўз дар муҳосираи обхезии шадид қарор доранд. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 240 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷруҳ шуданд.Ҳудуди ҳазор гектар замини кишоварзӣ пурра зери обу гил монд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ ҳазор манзили зист ва роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва дигар иншоот пурра хароб гардиданд. Офати табиӣ бештар ба минтақаи Пунтленди хисорот ворид намуд.
Хуруҷи вулқон дар Индонезия
Душанбе, 14 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Хуруҷи бидуни таваққуфи вулқони «Синабунг» дар Индонезия бештар аз 5 ҳазор нафарро ба тарки иҷбории манзили зист овард. Тибқи маълумоти расида, то кунун 5 ҳазору 265 нафар аз минтақаҳои атрофи вулқон ба ҷойҳои нисбатан бехавф кўч бастанд. Вулқони «Синабунг» аз оғози моҳи ноябр ҳамвора туғён мезанад. Ҷоизи қайд аст, ки соли 2010 ум низ дар ҷазираи Яваи Индонезия вулқони «Мерапи» хуруҷ карда, 350 нафарро қурбон кард.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






