Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Гардиши евро дар Фронса
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба иқрори ҳукуматдорони Фаронса то охири соли равон иқтисодиёти кишвар эҳтимол то 0,1 дарсад афзоиш ёбад. Чунин нишондод барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон фароҳам оварда наметавонад.Сатҳи бекорӣ дар Фаронса имрўзҳо беш аз 11 дарсадро ташкил медиҳад. Мушкили дигари мамлакат дар ҳоли ҳозир ин қарзи давлатӣ мебошад, ки бино ба пешгўии мутахассисон баъди ду сол он ба 93 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мешавад.
Норозигии Парлумони Украина
Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Парлумони Украина бори дигар баррасии лоиҳаи қонунро дар бораи иҷозат ба собиқ сарвазири кишвар Юлия Тимошенко барои табабаташ дар хориҷи мамлакат мавқуф гузошт.Ҷаласаи навбатии намояндагони Радаи болоии Украина қариб як соат идома ёфта, дар натиҷаи он вакилон ба ягон мувофиқа нарасиданд. Аммо намояндагони ҳизби роҳбарикунандаи «Минтақаҳо» мегўянд, ки дар ҷаласаҳои баъди онро баррасӣ ва қабул хоҳанд кард.
Пешниҳоди мири шаҳри Торонто
Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Мири шаҳри Торонто Роб Форд, ки дар истифодаи маводи мухаддир гунаҳгор дониста мешавад, дар назди ҳукуматдорони кишвар суханронӣ намуд. Қисми зиёди намояндагони воломақоми шаҳр талаб доранд, ки ӯ ба истеъфо равад. Вале Роб Форд иброз дошт, ки аз вазифааш даст кашиданӣ нест. Ў иқрор шуд, ки дар ҳақиқат маводи мухаддирро истифода бурдааст. Роб Форд ба ҳозирин рў оварда, барои ин амалаш узрхоҳӣ намуд.
Намоишгоҳи Русия
Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Намоишгоҳи Русияи православиро дар толори вижаи пойтахти Федератсияи Русия –шаҳри Москва то 19-уми декабри соли равон метавон тамошо кард.Аз нигораҳои мавриди намоиш хоҳишмандон имкон доранд,ки то ними шаб ҳар рўз дидан кунанд. Ҳамарўза барои ошноӣ пайдо намудан дар бораи хонаи сулолаи Романовҳо ҳазорҳо нафар алоқамандон меоянд. Таваҷҷуҳи зиёди роғибонро ба сулолаи мазкури шоҳони Русия далелҳои таърихии ҳайратангезе дар бораи зиндагиномаи хонаводаи онҳо, ки аз нигораҳои намоишгоҳ бармеоянд, ба худ ҷалб менамояд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






