Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Мусодираи кокаин дар Испания Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти махсуси Испания зимни амалиёт дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Валенсия ним тонна кокаинро дарёфт ва мусодира намуданд. Аз рўи ҳисобҳои мутахассисон арзиши кокаини мусодирагардида дар бозори сиёҳ 10 миллион евроро ташкил медиҳад. Мувофиқи иттилои расида, маводи мухаддирро аз Амрикои Лотинӣ ба Испания ворид намудаанд. Бояд гуфт, ки мақомоти махсус ҳамчунин дар шаҳри Мадрид се нафар қочоқбари маводи мухаддирро дастгир карданд, ки дар яке аз манзилҳои зист ба хариду фурўши кокаин машғул будаанд. Боришоти зиёди барф дар давлатҳои АврупоДушанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаҳои қисми ҷанубии давлатҳои Аврупо ҳаво якбора сард гардида, боришоти зиёди барф ба амал омад. Боридани барф ба сокинони як қатор шаҳрҳои Фаронса мушкилоти зиёд пеш овард. Лозим ба ёдоварист, ки боридани барфи зиёд бо суръати баланд ва вазидани шамол мушкилоти сокинони Испанияро низ дучанд намудааст. Кормандони марказҳои ҳавошиносӣ иброз медоранд, ки суръати вазиши шамол дар як соат 100 километрро ташкил дода, ба хароб гардидани иншоотҳои зиёд боис мегардад. Мутахассисон пешгўӣ мекунанд, ки чунин номусоидии вазъи ҳаво боз чанд рўзи дигар идома хоҳад кард. Сӯхтор дар МаскавДушанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар анборҳои маҳсулоти пластикӣ ва коғази шаҳри Маскави Федератсияи Русия сўхтори шадид ба амал омад. Мувофиқи иттилои расида, алангаи оташ дар муддати нисбатан кўтоҳ масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари оташсўзӣ се нафар кормандони анбор ҷароҳат бардоштаанд. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ тавонистанд, ки дар муддати чанд соат сўхторро хомўш созанд. То ҳол сабаби асосии ҳодиса муайян нашудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад. Ҳамлаи Амрико ба ПокистонДушанбе, 21 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Ҳавопаймоҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қароргоҳи террористонро дар шаҳри Ҳангуи қисми шимолии Покистон мавриди ҳамла қарор доданд. Бар асари ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






