Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Иштироки Барак Обама дар солгарди собиқ Президент Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-22-юми ноябри соли 2013 аз ҳалокати президенти 35-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Кеннеди 50 сол сипарӣ мегардад. Вобаста ба солгарди навбатии фавти номбурда президенти мамлакат Барак Обама ва завҷаи ў Мишел Обама ба пояи оромгоҳи ў гул гузоштанд. Дар маросими гулгузорӣ ҳамчунин собиқ роҳбари давлати Амрико Бил Клинтон ва ҳамсари ў Ҳилари Клинтон ва наздикону пайвандони Ҷон Кеннеди иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки Ҷон Кеннеди 22-юми ноябри соли 1963 дар шаҳри Даллас ҳангоми маъракаи тарғиботӣ дар штати Техас ба ҳалокат расид. Дарёфти ду қуттии шубҳанок дар Ҳиндустон Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони бехатарии ширкати ҳавопаймоии «Изи ҷет» дар фурудгоҳи шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон аз дохили ҳавопаймо ду қуттии шубҳанокро дарёфт намуданд. Дар навбати аввал онҳо гумон бурданд, ки дар дохили қуттиҳо таҷҳизоти тарканда ҷой дода шудааст. Мутахассисон муайян намуданд, ки шахсони номаълум дар дохили қуттиҳо тиллоро пинҳон намуда будаанд. Қочоқгарон кўшиш доштанд, ки ин миқдор тиллоро бо роҳи ғайриқонунӣ ба шаҳри Дубай интиқол диҳанд. Намоиши автомобилҳо дар Япония Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойтахти Япония шаҳри Токио намоиши байналмиллалии мошинҳо шуруъ гардида, то ҳол идома дорад. Барои иштирок дар ин чорабинӣ ширкатҳои мошинсозии мамлакатҳои дунё даъват гардидаанд. Ширкати мошинсозии «Тойота»-и Япония намуди мошини электрониро, ки барои як нафар муқаррар гардида, бидуни чамбарак мебошад, ба маърази тамошо гузошт. Мутахассисон иброз медоранд, ки мошини электрониро ронанда аз тариқи ҳаракатҳои худ идора карда метавонад. Ҷоизи қайд аст. ки намоиши мошинҳо дар шаҳри Токиои Япония як ҳафта идома меёбад Амалиёти кормандони мақомоти махсуси Доғистон Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар минтақаи Хасавюрти Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия кормандони мақомоти махсус бар зидди гуруҳи силоҳбадастони хавфнок амалиёт гузаронданд. Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона 4 нафар ҷинояткор безарар гардонида шудааст. Ба гуфти сардори раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилаи кишвар гуруҳи ҷиноятпеша дар содир намудани амалҳои мудҳиш, аз ҷумла қатли шахсони воломақом даст доштаанд. Ҳукумати нави Гурҷистон Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон Парлумони Гурҷистон ҳайати ҳукумати навро тасдиқ намуд. Ираклии Гарибашвили ба вазифаи сарвазири Гурҷистон тасдиқ гардид. Ба тарафдории номзадии ў 93 вакил аз эътилофи идоракунандаи «Орзуи Гурҷистон» овоз доданд. Аксарияти мансабҳоро дар ҳукумат вазирони қаблии кабинаи пештара соҳиб шуданд. Парлумон ҳамаи номзадҳои пешниҳодшударо ғайр аз вазири корҳои дохилӣ тасдиқ кард. Ҷоизи қайд аст, ки тибқи Конститутсияи нави Гурҷистон сарвазир минбаъд сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян мекунад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






