Чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ
Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳо дар робита ба ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо” , “Кӯли ҷавонон”, “Боғи Парчами миллӣ” ва майдони “800-солагии Маскав” сайругашти оммавии шаҳрвандон, консерти идона баргузор гардида, чорабиниҳои идона таҳти унвони “Салоқат ба Парчам”, “Орази Парчам”, “Таърихи Парчам”ва “Муҳаббат ба Парчам” ташкил мешаванд. Ҳамзамон дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ намоиши китобҳо ва мизи мудаввар созмон дода шуда, дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ташкили мусобиқаи веломарафон дар назар аст. Инчунин дар асоси ин қарор масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт муваззаф гардидаанд, ки бобати насби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва дастрас намудани нишони сарисинагӣ — рамзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тадбирҳо андешанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






