Даниленко: «Интихобот хуб ҷараён дорад»
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар участкаи интихоботии рақами 21-и ҳавзаи 4-и ноҳияи Сино маъракаи интихоботи Президенти кишвар бомаром ҷараён дорад.
Тавре ки масъулини ин участкаи интихоботӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, дар ин участка 2300 нафар аҳолӣ барои раъй додан ба рӯйхат гирифта шуда, аз ин шумора 200 нафар дар муҳоҷират ва 50 нафар маъюбону 45 нафар ҷавононе ҳастанд, ки бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.
Таъкид гардид, ки дар ин участка ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраи модару кӯдак ва дигар шароити лозимӣ барои гузаронидани интихобот омода шудааст.
«Намояндагони мо шуруъ аз соати 6-и субҳ, яъне аз оғози кори участкаи интихоботӣ ҷараёни овоздиҳиро назорат мебаранд ва ҳамааш хуб ҷараён дорад»,- гуфт дар суҳбат Даниленко Сергей Андреевич, як нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки шаффофияти овоздиҳиро дар ин қитъа назорат мекард.
Мавлуда Саидова, ки бори аввал дар интихобот ширкат мекард, мегӯяд, ки «ман имрӯз омада озодона ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз додам ва итминон дорам, ки номзаде, ки ман тарафдорӣ кардам, дар интихобот ғолиб меояд ва барои мо ҷавонон дар оянда аз ин ҳам шароити беҳтар фароҳам мегардад».
Мавриди зикр аст, ки имрӯз, 6-уми ноябр, дар рӯзи Сарқонуни кишвар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст ва ҷараёни онро зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ, беш аз 6 ҳазор нозири миллӣ ва беш аз 100 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ назорат мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






