Дар Қӯрғонтеппа Рӯзи Сарқонунро ид карданд
Қӯрғонттеппа, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- 6 ноябр раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов сокинони вилоятро бо Рӯзи Сарқонун муборакбод кард. Мавсуф дар маросими ботантана зикр намуд, ки «эҳтироми Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд буда, бояд ҳар кадоми мо барои тарбияи насли наврас, рушди маънавият, риояи арзишҳои умумиинсонию миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ саъю кӯшиш намоем. Мо фақат бо ҳамин васила иҷрои талабҳои Сарқонунро таъмин намуда, ба марраҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ расида метавонем».
Дар яке аз майдонҳои марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки гуруҳҳои эҷодкори вилоят барномаи калони консертӣ намоиш дода шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






