Дар Хуҷанд мусобиқоти боксчиён анҷом ёфт
Хуҷанд, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Дадобоев).- Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ёдбуди устоди варзиши ИҶШС Маъруф Ҳусейнов мусобиқоти кушода оид ба бокс анҷом ёфт. Тавре ки аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар доданд, имсол мусобиқа ба Рӯзи Парчами миллӣ бахшида шуда, дар он 144 нафар варзишгарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин боксчиёни Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд.Аз рӯи натиҷаи мусобиқот боксчиёни вилояти Суғд 23 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ ба даст оварданд.Мусобиқот бо ибтикори Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ ва бо дастгирии маъмурияти вилояту шаҳр роҳандозӣ шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






