Дар рӯзҳои ид ва интихобот касе бе барқ намемонад
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» (ШСХК) ба иттилои муштариён мерасонад, ки вобаста ба таҷлили Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 17-00-и рўзи 5 ноябр то соати 11-00-и рўзи 7 ноябр дар қаламрави кишвар барқ бемаҳдудият дода мешавад.
Аз соати 11-00-и рўзи 7 ноябр интиқоли барқ боз аз рўи реҷаи маҳдудият амалӣ мегардад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён, дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ 235-86-74; 235-86-84; 610-60-50; 295-202 ташкил шудаанд. Навбатдорон ба таври шабонарўзӣ кор карда, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва сари вақт тадбирҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳафтае як бор дар назди раиси шикат баррасӣ мегардад ва гунаҳгорон ҷазо дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






