Дар Суғд беш аз 48 ҳазор интихобкунанда бори нахуст овоз дод

Ноябрь 7, 2013 13:50

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова).- Дар  интихоботи  Президенти ҶТ  48 ҳазору 474  нафар  сокинони  вилояти  Суғд  бори нахуст иштирок  намуданд. 
 
Назар ба  хабари  хадамоти  матбуоти раиси  вилояти  Суғд,  мувофиқи  маълумоти  пешакӣ  дар ин7тихоботи  Президенти Тоҷикистон беш  аз 1  миллион  нафар  шаҳрвандони ин  минтақаи  шимолии  кишвар  иштирок  намуданд. 
 
Мувофиқи  маълумоти  комиссияи  интихоботии  вилоят  дар  ҳудуди  вилоятии  Суғд 907  участкаи  интихоботӣ  ташкил  ёфта буд. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  дар  вилояти  Суғд  ҷараёни  интихоботро  намояндагони  САҲА, ИДМ ва бархе  созмонҳои байналмилалӣ  мушоҳида  намуданд. Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,  беш  аз  ҳазор   нафар  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  тартиботи ҷамъиятиро  назорат мекарданд. 
 
Хотирнишон  месозем, ки  имрӯз  Комиссияи  марказии  интихобот ва  раъйпурсии  Тоҷикистон  натоиҷи  пешакии  интихоботи  Президенти Тоҷикистонро  эълон  менамояд.

Ноябрь 7, 2013 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш