Дар участкаи интихоботии №36 1197 нафар занон овоз хоҳанд дод
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-Дар айни ҳол дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи И.Сомонӣ №2, участкаи №36 воқеъ дар бинои мактаби ҳамагонии №13-и пойтахт овоздиҳӣ барои интихоби Президенти кишвар идома дорад.
Тавре ки директори мактаби мазкур Гулнора Раҳимова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар участкаи №36 ҳамагӣ 2359 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, то соати 14:30 дақиқа аллакай 75% интихобкунандагон овози худро ба номзадҳояшон доданд. Дар ин участка 5 нафар интихобкунандагон аввалин маротиба дар интихобот иштирок мекунанд ва масъулин ба онҳо дастаи гул тақдим намуданд.
Гулнора Раҳимова хабар дод, ки 5 нафар интихобкунанда дар интихобот иштирок карда наметавонад, зеро 2 нафари онҳо иштирокчии ҷанг ва 3 нафари дигар маъюб мебошад. Барои чунин шахсон қуттиҳои сайёр омода шудаанд ва дар айни ҳол раиси участкаи интихоботӣ Изатулло Ҷабборов ва ду нафар узви комиссия бо қуттиҳои сайёр ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро мегиранд.
Ба қавли Гулнора Раҳимова дар ин участка барои иштироки фаъолонаи занон дар интихобот, шумораи умумии занон ба қайд гирифта шудааст, ки 1197 нафари интихобкунандагони ин участка аз ҳисоби занон мебошад.
Нозирони ин участкаи интихоботӣ то ин соат ягон камбудиро ба қайд нагирифтаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






