Дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар як шабонарӯзи сипаригаштаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар миқёси кишвар ҳамагӣ як ҷиноят ва 4 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки ҷинояти мазкур марбут ба маводи нашъадор мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзҳои маъмулӣ дар ҷумҳурӣ аз 35 то 40 ҷиноят рух медод.
Қайд намудан зарур аст, ки дар рӯзи баргузории чорабинии мазкур, дигар ҷиноятҳо дар самти вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудаанд, ки ин аз дарки баланди масъулияти шаҳрвандон ва сокинони мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳодат медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, шаҳрвандон худ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор буданд.
Ихтиёран дар ин рӯз барои нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ беш аз 12,5 ҳазор нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






