Дастаи Тоҷикистон мақоми 116 – умро касб намуд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 28 ноябр Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои мунтахаби миллии ҷаҳонро эълон намуд. Тавре ки аз Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навин дар ҷаҳон ҷойи 116 – ум ва дар Осиё ҷойи 15 – умро ишғол менамояд. Алҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон 286 хол дорад, ки нисбат ба таснифи моҳи октябр эълоншуда баробари 6 хол зиёдтар аст. Қаҳрамони ҷаҳону Аврупо дастаи мунтахаби Испаниё дар ҷойи аввал буда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Колумбия касб намудаанд. Ҷойҳои минбаъдаро дастаҳои мунтахаби Португалия, Уругвай, Италиё, Швейтсария, Нидерланд ва Бразилия ишғол менамоянд.Рейтинги минбаъдаи хотимавии ФИФА дар соли ҷорӣ 19 декабр эълон мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






