Дастгир шудани нашъаҷаллобон дар Конибодом
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Дар доираи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2013» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 7 кг маводи нашъаовари гуруҳи бангдонаро мусодира намуданд, ки ин мавод барои интиқол додан ба ҳудуди Федератсияи Русия равона буд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯии нақшавӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду нафар зода ва истиқоматкунандагони шаҳри Конибодом, ки синнашон 35 ва 37 аст, дастгир шуданд. Дар вақти дастгиршавӣ аз онҳо 8 адад баста бо маводи фишурдашудаи рангаш ҷигарии бӯйи махсус дошта ёфт ва мусодира шуд. Ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазнаш қариб 7 кг аст. Ба дастгиршудагон бо моддаи 200. қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ -муомилоти ғариқонунии маводи нашъаовар айб эълон карда шуд.
Мақсади асосии нашъаҷаллобон -интиқоли маводи нашъадор аз тариқи қочоқ аз ҳудуди вилоят ба Қирғизистон ва баъдан ба Русия буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






