Дастовардҳои варзишгарони «Динамо» дар ИМА
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ҳамасола дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ баромад намуда, бо маҳорати баланди касбии худ ҳарифонро мағлуб намуда, обрӯ ва шарафи кишварамонро баланд мебардоранд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ду тан варзишгар — муаллимони варзиши қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ лейтенанти калон Хусрав Ғиёсов ва лейтенант Алишер Гулов ба соҳаи варзиш маҳз ҳангоми хизмат ба Модар-Ватан, ки дар қисми низомии мазкур адо намудаанд, шавқу рағбати бештар пайдо намуда, байни ҳамхизматон бо машқҳои гуногуни варзишӣ ба обутоби бадан машғул шуда, сазовори таҳсину офарин гардиданд. Хусрав Ғиёсов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба таэквандо ВТФ соли 2013 дар ИМА дар вазни 68 килограмм иштирок намуда, сазовори ҷойи якум, дар мусобиқаи байналмилалӣ байни ИМА сазовори ҷойи дуюм, дар мусобиқаи байналмилалӣ байни ИМА соҳиби ҷойи якум ва дар мусобиқаи байналмилалӣ байни давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойи якумро ишғол намуда, иштирокчии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Гуеблои давлати Мексика мебошад.Алишер Гулов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба таэквандо ВТФ соли 2013 дар ИМА дар вазни 87 килограмм иштирок намуда, соҳиби ҷойи якум, дар мусобиқаи байналмилалӣ байни давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ду маротиба сазовори ҷойи якум, дар мусобиқаи байналмилалӣ (лига) дар давлати Мексика сазовори ҷойи аввал гашта, иштирокчии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Гуеблои давлати Мексика мебошад.Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 10 моҳе, ки ин варзишгарон дар ИМА қарор доштанд, оид ба таэквандо дар байни наврасон семинарҳо гузаронида, моҳият ва аҳамияти ин соҳаи варзишро ба онҳо фаҳмониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






