Даъвати ҷаласаи якҷояи ММ ва МН МО дар Душанбе

Ноябрь 5, 2013 15:37

        Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ«Ховар», Марзия Саидова).-16 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарори марбута ба тасвиб расонд.
           Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштараки палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони мамлакат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар матраҳ хоҳанд гашт.  
    Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи қаблӣ, яъне ҷаласаи  панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки  30 августи соли равон баргузор гардида буд, дар он бо қарори ҳар ду палатаи Парлумон  рӯзи баргузории интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 2013, яъне дар Рӯзи Конститутсия таъйин гардид.

Ноябрь 5, 2013 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд