Давраи тарғибу ташвиқот анҷом меёбад
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз, 4 ноябр охирин рӯзи тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон фардо, 5 ноябр ягон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси боэътимоди онҳо ҳуқуқ надорад тарғиботу ташвиқот барад ё бо интихобкунандагон вохӯрию мулоқот анҷом диҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2013 баргузор мегардад, 6 номзад барои ноил гардидан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам рақобат менамояд. Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Толиббек Бухориев, Олимҷон Бобоев –роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров-роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Саидҷаъфар Усмонов аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






