Даври ниҳоии озмуни «Донишҷўи сол — 2013»
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).- Даври ниҳоии озмуни навбатии «Донишҷўи сол — 2013» 23 ноябри соли равон байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки даври аввали озмун дар макотиби олии кишвар баргузор гардида, ғолибони он аз ҳар мактаби олӣ як нафарӣ ба даври ниҳоӣ бо пешниҳоди роҳбарони макотиби олӣ роҳхат мегиранд.
Ҳамасола дар озмун аз мактабҳои олии шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб, Қўрғонтеппа, Хоруғ ва шаҳри Душанбе донишҷўёни беҳтарин ширкат менамоянд.
Мутобиқи иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонони кумита Носир Бўриев тибқи тартиби баргузорӣ сараввал аз толибилмон диктант бо забони давлатӣ гирифта шуда, сипас ба онҳо як саволӣ дар доираи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод мешавад, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин омўзгорон аз тариқи тестӣ дониши забонӣ ва технологияи муосири довталабонро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Ғолибони озмун ва тамоми иштирокчиёни он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷўи сол» дар байни донишҷўёни макотиби олии ҷумҳурӣ дарёфти донишҷўи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷўёни кишвар дар руҳияи илмдўстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






