Дурнамои сиёсати пулию қарзии кишвар барои соли оянда

Ноябрь 13, 2013 15:11

         Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бо назардошти вазъи нисбатан муътадили бозорҳои молиявӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои  ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои  хусусияти мавсимӣ ва маъмурӣ дошта,  сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар доираи 7,5% пешбинӣ мегардад». Ин матлабро Абдуҷаббор Ширинов -раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷараёни муаррифии  «Дурнамои сиёсати  пулию қарзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2014» дар Парлумони мамлакат зикр намуд.
          Раиси Бонки миллии кишвар гуфт, ки  «Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон  дар соли  соли 2014 ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо,  рушди боэътидоли ҳаҷми пул,  таъмини фаъолияти  солим ва устувори низоми бонкии кишвар равона мегардад.
     Барои муътадил нигоҳ доштани  ҳаҷми пул дар муомилот афзоиши миёнаи солонаи пулҳои захиравӣ дар соли  2014 то 16% ва афзоиши  нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул то 14 % пешбинӣ  мешавад. Ҳамзамон дар соли 2014 дурнамои афзоиши дороиҳои умумии хориҷӣ на кам аз 17 % пешбинӣ  гардида,  дар ин росто афзоиши захираҳои ҳисоби  байналмилалӣ дар сатҳи на кам аз 15 % пешбинӣ шудааст.
    Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки барои беҳтар намудани низоми бонкӣ дар доираи «Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010 -2015»  аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Идома додани сиёсати солимгардонии бонкҳое, ки аз лиҳози молиявӣ мушкилот доранд, бо роҳи такмили сохтори онҳо, такмил додани идораи босамари дороиҳо ва уҳдадориҳо дар ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ, вусъати ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахшҳои  асосии иқтисодиёт ва зиёд намудани  дастрасии муштариён ба қарздиҳии хурд барои беҳтар намудани ҷараёни қарздиҳӣ ва паст кардани хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ, мусоидат   намудан ба фаъолияти бюрои қарзӣ, қонеъ гардонидани талаботи  аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба соҳибкории хурду миёна бо хизматрасониҳои бонкӣ бо роҳи зиёд намудани шумораи филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар  воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ аз ҳамин қабил аст.
                  Ҳамзамон вусъати фаъолияти бозори байнибонкии қарзӣ,  таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ бобати зиёд намудани эътимоди муштариён ва ҷалби сармояи  дохилӣ,  бо мақсади пурзӯр намудани  танзим  ва назорати бонкӣ такмил додани механизми  баҳогузории  хавфҳо ва ҷорӣ намудани таҳлили васеи ҳолати молиявии  бонкҳо тавассути сифатан баланд бардоштани низоми автоматикунонии коркарди ҳисоботи молиявии онҳо,  таъмини шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои  истеъмолкунандагони низоми молиявӣ аз самтҳои дигари тадбирҳои Бонки миллии кишвар дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2014 маҳсуб меёбад.

Ноябрь 13, 2013 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд