Эҳсони соҳибкорон дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Расонидани кӯмакҳои яквақтаи иқтисодӣ ба оилаҳои ниёзманд ва маъюбону иштирокчиёни ҷангу меҳнат дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҳамин замина соҳибкорони ноҳияи Ҳамадонӣ ба 26 нафар ятимони кулл ба маблағи 300 сомонигӣ, ба 25 оилаи ниёзманд ва 10 нафар иштирокчии ҷангу меҳнат кӯмаки навбатӣ расониданд, ки он аз орду равған, шакару тухм ва дигар маводи ғизоӣ иборат буд.
Намояндагони ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва маъюбонро аёдат намуда, ба онхо маводи заруриро супориданд. Мавриди зикр аст, ки соҳибкорон Зафар Маҳмудов ва Раҳмон Абдуллоев пайваста ба ин табақаи аҳолӣ кӯмаки яквақта мерасонанд ва мақсад доранд дар арафаи соли нави мелодӣ низ ба ятимону бепарасторон ва ниёзмандон кӯмак расонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






