Эҳёи қитъаҳои нави ҷангал дар Ховалинг

Ноябрь 20, 2013 13:59

Ховалинг, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — Роҳбарияти хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг  баҳри иҷрои нақшаи дурнамои бунёди ҷангалзор, эҳёи қитъаҳои нави ҷангал ва ташкили ниҳолхонаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Соли ҷорӣ новобаста ба номусоид омадани обу ҳаво кормандони хоҷагии ҷангал аз заминҳои хоҷагӣ самаранок истифода бурда, миқдори зарурии пиёзи анзур, сабзавоти гуногун, аз қабили картошкаю пиёз ҷамъоварӣ карданд. 
Дар айни замон  ҷамъоварии дигар намуди донагиҳо, аз қабили чормағзу бодоми талхак ва меваи хушк идома дорад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагии ҷангал захираю таъмини аҳолӣ ва корхонаю ташкилот бо ҳезум мебошад, ки дар ин самт низ кормандони хоҷагии ҷангал дар соли ҷорӣ муваффақ гардидаанд. 
 

Ноябрь 20, 2013 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш