Э. Раҳмон: «Ҳама дар назди қонун баробаранд»

Ноябрь 20, 2013 12:31

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дубора вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии вазири нав дар Вазорати корҳои дохилӣ сухан ронда, зикр намуд, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи ҷомеа аз фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, риояи волоияти қонун вазифаи аслии кормандони ин ниҳод бояд бошад ва ҳама ҷинояткорон дар пеши қонун баробар ҷавоб диҳанд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки новобаста аз фарзанди кадом мансабдор будани шахси ҷинояпеша ӯ бояд ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, тавассути телевизион намоиш дода шавад, то ба дигарон дарси ибрат шавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки баҳри таъмини суботи кишвар ҷони худро нисор кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, зикр дошт, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи шахсони тарсончаку дурӯя нест ва дар ин ниҳод бояд онҳое кор кунанд, ки ҳақиқатан ҷасуру нотарс ва далеру шуҷоъ ҳастанду ба Ватан ва халқи хеш содиқона хизмат мекунанд. 
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Раҳимов Рамазон Ҳамроевич — генерал-лейтенанти милитсия 25-уми апрели соли 1960 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди варзиш аст. Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД-и ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ-и вилояти Кӯлоб ва сардори ШКД-и ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД-и ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба уҳда дошт.
Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан вазифаи муовини аввали Бюрои мазкурро бар дӯш дошт. Соли 2005 муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти хизматиашро соли 2008 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод. Аз моҳи феврали соли 2009 Раҳимов Рамазон Ҳамроевич муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, моҳи январи соли 2012 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. 

Ноябрь 20, 2013 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад