Экспедитсияи «Помир – 2013»

Ноябрь 5, 2013 11:56

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 4  ноябр  дар   бинои Сафорати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Ҷумҳурии  Беларус  вохӯрӣ  бо  иштироккунандагони  аввалин  экспедитсияи  дучархасаворони  «Помир – 2013» Игор  Чавлитко,  Евгений  Шуманский  ва  Евгений  Германчук баргузор  гардид. 
 
Тавре  ки  аз Сафорати  Тоҷикистон  дар  Беларус  хабар  доданд,  иштироккунандагони  экспедитсия  бо  мақсади  барқарор  намудани   равобити   фарҳангию  варзишии   байни Ҷумҳурии  Беларус  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  4  то  26  июли  соли ҷорӣ  роҳи   душвори  кӯҳсори  Помирро тай  намуданд. 
 
Сафири  Фавқулодда  ва  Мухтори  ҶТ  дар  Ҷумҳурии  Беларус  Қозидавлат  Қоимдодов  зимни  суханрониаш  қайд  намуд, ки  ин воқеа далели  таҳким бахшидани  ҳамкории  дуҷонибаи  ҳар  ду  давлат  мебошад. Мавсуф  зикр  намуд, ки  соли 2014  Соли  сайёҳӣ   дар  фазои  ИДМ эълон  шудааст, ки он  ба  рушди   ҳамкорӣ дар  бахши  сайёҳӣ  мусоидат   хоҳад  кард. 
 
Игор  Чавлитко  дар  навбати  худ  ба  Сафорати Тоҷикистон  барои   расонидани  ёрӣ ҷиҳати  ташкили  ин  чорабинӣ  изҳори  миннатдорӣ  намуд. Дар  хотима  Қозидавлат Қоимдодов  ба  иштироккунандагони  экспедитсия  ифтихорномаю  тӯҳфаҳои  хотиравӣ  ато  кард.

Ноябрь 5, 2013 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш