Фаҳмонидани зарари нашъамандӣ ба хонандагон
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амина Мансурова ва раиси Шӯрои ҷамъиятии кор бо занон ва оилаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Бибиноз Хушвахтова бо духтарони синфҳои 9-11-и гимназияи №9-и пойтахт вохӯрӣ гузарониданд.
Дар мулоқот масъалаҳои нақши волидон, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи фарзандон баррасӣ шуд. Ҳамзамон ба иштирокчиён оид ба сабаб ва оқибатҳои даст задан ба ҳар гуна кирдорҳои ношоям, аз ҷумла ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, худсӯзӣ ва танфурӯшӣ маълумоти кофӣ расонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






