Фармондеҳи амрикоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт

Ноябрь 22, 2013 17:16

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Маҷмӯи масоили ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарии миёни Тоҷикистону Амрико дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт. Фармондеҳи амрикоӣ пас аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони ВАО аз ҳамкориҳои босамари миёни ду кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар ин мулоқот соҳаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону ИМА, ки дар чанд соли ахир мунтазам рушд меёбанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. «Мо хоҳони тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар партави таъмини амният, субот ва сулҳи сартосарӣ дар минтақа мебошем»- иброз дошт Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III. Номбурда афзуд, маҳз бо татбиқи ҳамаҷониба ва мукаммали нақшаҳоямон мо метавонем ба раванди таҳкими сулҳу суботи минтақа вусъат бахшем. «Ман барои нақши муассир ва мусоидаткунандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самту арсаҳо бо эшон изҳори сипос намудам»- гуфт Фармондеҳи амрикоӣ.

Ноябрь 22, 2013 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш