Фердинанд Наги ба Тоҷикистон даъват шуд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид, ки дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо дар шаҳри Париж ширкат дорад, 28 ноябр бо президенти Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо Фердинанд Наги мулоқот намуд, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳамидҷон Назаров низ ширкат дошт. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ЧТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти намоишгоҳу ярмаркаҳо дар Тоҷикистон ва иштироки кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ нақл кард. Ҳамчунин масоили ҳамкории минбаъдаи байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо баррасӣ шуданд. Дар анҷоми мулоқот Шариф Саид Фердинанд Нагиро даъват намуд, ки вақтҳои наздиктарин ба Тоҷикистон сафар кунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






