Форуми инвеститсионии рушди шаҳри Исфара
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ Ховар,Раъно Нусратуллоева).- Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва бо дастгирии бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара Форуми инвеститсионии рушди шаҳри Исфара баргузор мегардад.
Форум бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 доир мешавад.
Ба барнома 338 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он наздик ба 1,5 млрд сомонӣ мебошад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳои ба барнома воридгардида 38 лоиҳа ба маблағи 137,6 млн.сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 152 лоиҳа ба маблағи 209,8 млн.сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 106 лоиҳа ба маблағи 1 млрд. 94 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 34 лоиҳа ба маблағи 23,4 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда тааллуқ дорад.
Дар Форуми мазкур дар баробари шиносоӣ бо дастовардҳои марҳилаи аввали татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017, аз ҷумла, сафарбарсозии захираву сарчашмаҳои дохилӣ барои татбиқи лоиҳаҳо, раванди шарикии давлат бо бахши хусусӣ, афзалиятҳои маблағгузорӣ ба шаҳру деҳоти Исфара ва лоиҳаҳои алоҳида муаррифӣ мешаванд. Интизор меравад, ки дар ҳошияи Форуми мазкур санадҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо Шарикони рушд ва соҳибкорони дохилӣ ба имзо мерасанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






