Форуми вазирони нақлиёти Осиё
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 7 ноябр дар шаҳри Бангкоки Таиланд иҷлосияи дуюми Форуми вазирони нақлиёти Осиё оғоз ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар форум Вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов намояндагӣ мекунад.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, Низом Ҳакимов дар ҳошияи форум аз сиёсати бахши нақлиёти Тоҷикистон ва лоиҳаҳои байниқитъавии нақлиётӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, нақл мекунад.
Дар ҳошияи форум имзои Созишнома дар бораи «бандарҳои хушки» байни намояндагони кишварҳои аъзои Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






