Гузариш ба адабиёти электронӣ то кай давом мекунад ?
Душанбе, 1 ноябр . (АМИТ «Ховар» Анна Мошенко).- Имрӯз дастрасӣ ба эҷодиёти классикҳои адабиёти тоҷик дар Интернет ҳам ба забонҳои тоҷикию русӣ ва ҳам ба забонҳои дигар душвор гардидааст. Шумораи ками сомонаҳои китобхонаҳои электронӣ дар бойгониҳои худ матнҳои ашъори Рӯдакӣ, Румӣ, Носири Хусрав, Ҳофиз, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, Айнӣ, Мирзо Турсунзодаро доранд, ҳол он ки дар онҳо пайдо намудани адабиёти дигари ҷаҳонӣ чандон душвор нест.Дар Тоҷикистон баъди ифтитоҳи Китобхонаи миллии дорои қироатхонаҳои сершумори электронӣ раванди таҳқиқи ҳуҷҷатҳои қадимӣ оғоз ёфт, зеро собиқ китобхонаи ба номи Фирдавсӣ чунин имкониятҳои техникиро надошт. Гузаштан ба китобҳои электронӣ дастрасии мактабиёну донишҷӯёнро ба адабиёт хеле осон мегардонад. Ба гуфтаи муовини директори Китобхонаи миллӣ Нодир Мирзоев, раванди таҳқиқи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ нисбатан ба қарибӣ оғоз ёфта, бинобар ин барои манзури китобхонон намудани матнҳои гуногун баъзе барномаҳои зарурӣ вуҷуд надоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






