Гузариши нафақагирони Бохтар ба «корти миллӣ»

Ноябрь 15, 2013 15:28

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар ҷараёни сафари кории худ раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба навоҳии вилояти Хатлон бинои наву замонавии филиали «Амонатбонк»-ро дар ноҳияи Бохтар  ба истифода дод. 
Тавре ки  дар ин бора аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» хабар доданд,  дар анҷоми боздид дар саҳни филиал нафақагирони ноҳияи Бохтар  соҳиби кортҳои бонкии «корти миллӣ» шуданд, ки аз ин ба баъд 15 ҳазору 327 нафар нафақагирони ноҳияи Бохтар   нафақапулии худро аз тариқи кортҳои миллӣ  дастрас менамоянд.  
Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз шумораи умумии дорандагони кортҳои бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” 312 ҳазору 512 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин  277 ҳазору 788 нафарашон нафақагирон мебошанд.   
 
 
 
 
 

Ноябрь 15, 2013 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш