Гузашти низомӣ ба муносибати савгандёдкунии Президент
Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 ноябри соли 2013 баъд аз маросими савгандёдкунӣ дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана вориди майдони марказии пойтахт-«Дӯстӣ» гардида, ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва садоқат ба Ватану миллат ба пояи муҷассамаи миллӣ — нахустин асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ба гузашти низомӣ дар майдони «Дустӣ» гузориш дод. Баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди афсарону аскарони ҷузъу томҳо ва воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартиботи кишвар доир ба ҳадафу барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, таҳкими амнияту субот баромад намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронии худ афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳушёрию зиракӣ, такмили донишҳои сиёсию низомӣ, садоқат ба Ватану миллат, ҳифзи марзу буми кишвар ва содиқ мондан дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пояҳояи давлатдорӣ ҳидоят намуд.
Ҳамзамон афсарону аскарони воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар назди Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, садоқати худро ба халқу Ватан баён намуданд.
Бояд гуфт, ки дар гузашти низомӣ, ки ба ифтихори маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт доир гардид, 5 ҳазор аскарону афсарони ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, инчунин авиатсияи низомӣ иштирок намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






