Гузориш дар мавзӯи «Аҳолии ҷаҳон»

Ноябрь 21, 2013 12:58

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 20 ноябр дар шаҳри Душанбе гузориши «Аҳолии ҷаҳон дар соли 2013» дар мавзӯи «Модару фарзанд: масоили мубрами ҳомиладории наврасон» шунида шуд. Тавре ки аз намояндагии UNFPA дар Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ дар ҳошияи муаррифии ҳисобот дар мавзӯи «Таҳқиқи тиббию демографии Тоҷикистон дар соли 2012» роҳандозӣ шуд. Тадқиқот аз ҷониби Агентии оид ба кӯмаки байналмилалии ИМА ва Хазинаи аҳолии СММ сурат гирифта буд. Дар гузориши «Аҳолии ҷаҳон дар соли 2013» масоили асосии марбут ба ҳомиладории наврасон ва таъсири манфии он ба таҳсилот, тандурустӣ, имконияти иҷрои кор ва ояндаи духтарон зикр ёфтаанд. Ба иштироккунандагони ҷамъомад аз рӯи натиҷаи ҳисоботи минтақавии намояндагии UNFPA дар мавриди ҳомиладории наврасон ва таваллуд дар Осиёи Марказӣ иттилоот дода шуд. Дар он гуфта мешавад, ки вақтҳои охир теъдоди аҳди никоҳи шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст, меафзояд.

Ноябрь 21, 2013 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш