Хизматрасонии иҷтимоӣ беҳбуд меёбад
Кӯлоб, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — Бо мақсади фаъолияти якҷоя ва босамари ҳамаи бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб бинои чорошёна барои бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Кунун имкон фароҳам омад, ки ҳамаи хадамоти хизматрасонии давлатӣ ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақагирону маъюбон дар як ҷо бо механизми «Равзанаи ягона» фаъолият кунанд. Чунин тарзи кор ҳам ба ходимони ин идораҳо ва ҳам ба ниёзмандон қулай аст.
Бино аз 80 утоқи корӣ иборат буда, дар он барои беш аз 100 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст ва кормандони соҳа имкон пайдо намуданд, ки хизматрасониро ба ин табақаи аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Дар ин бино ҳамчунин филиали маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ҷойгир шудааст, ки дар як вақт то 100 нафарро бо ҳунаромӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро мегирад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






