Хуҷанд: қитъаҳои замин барои 106 оила

Ноябрь 19, 2013 12:53

Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Додобоев).-  Дар маҳаллаҳои  нави 14 ва  15 – уми шаҳри  Хуҷанд 106  оила  қитъаҳои  замин   гирифтанд. 
 
Тавре  ки  аз  маъмурияти   роҳбарияти  шаҳр   хабар  доданд,  қитъаҳои  замин  иборат  аз 6 сотихӣ  барои  беҳдошти  шароити  манзил байни оилаҳо  тақсим  шудаанд. Масоҳати  умумии  ду  маҳаллаи  нави  шаҳр  96,58  гектарро  ташкил  дода,   600 метри  мураббаъ барои бунёди  хонаҳои  истиқоматӣ,  11  гектар  барои  бунёди  роҳҳо  ва  19,5  гектари он  барои  бунёди боғу   хиёбонҳо ҷудо  карда шудааст. 
 
Хотирнишон  месозем, ки  аз  ин  пеш  55  нафар  сокинони  маҳаллаи  сеюми  шаҳри  Хуҷанд қитъаҳои  замин  ба  даст  оварда буданд. 

Ноябрь 19, 2013 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш