Хуҷанд нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кард

Ноябрь 19, 2013 11:27

Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Додобоев).-  Шаҳри  Хуҷанди  вилояти  Суғд  нақшаи  даъвати тирамоҳӣ  ба  сафҳои  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  баробари   100  фоиз  иҷро  намуд. 
 
Тавре  ки  аз  комиссариати ҳарбии  шаҳри  Хуҷанд  хабар  доданд,  рӯзи  ҷумъаи ҳафтаи  гузашта  гуруҳи  охирини  даъватшавандагон  фиристода шуд. 
 
Тирамоҳи  соли  ҷорӣ  аз  шаҳри  Хуҷанд  165  нафар  даъватшавандагон  барои  адои  хидмат ба  сафҳои  артиш   фиристода  шуданд. 
 
То имрӯз  қисми  зиёди  минтақаҳои  вилоят  нақшаҳои  даъват ба  сафҳои  артишро  иҷро  намудаанд. Дар  вилоят  ҷамъ  беш  аз  ду ҳазор  нафар  даъватшавандагон ба   сафҳои Қувваҳои  Мусаллаҳи  кишвар  фиристода шудаанд.  

Ноябрь 19, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш