Ифтитоҳи биноҳои нави филиалҳои «Амонатбонк»
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон филиалҳои бонки мазкурро дар ноҳияи Муъминобод ва Ҳамадонӣ мавриди истифода қарор дод.
Тавре дар ин бора аз бонки мазкур хабар доданд, дар ҳамин раванд филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминобод, ки солҳои тӯлонӣ бинои асосии худро надошт, мавриди омӯзиш ва навсозӣ қарор гирифт. Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 12 утоқи корӣ иборат буда, барои 22 нафар корманди ин филиал ва мизоҷони он хизмат мерасонад. Гуфта мешавад, ки имрӯз дар филиалли «Амонатбонк»-и ноҳияи мазкур ҳама гуна хизмарасониҳои бонкӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ бинои тозабунёди филиали бонки мазкурро барои наздик ба 20 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






