Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии ВКД ҶТ дар Хуҷанд

Ноябрь 21, 2013 11:19

Хуҷанд, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ0 –и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дод. Раиси вилоят пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили бино дидан карда, бо шароити корӣ шинос шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна, 18 утоқи корӣ ва утоқҳои ёрирасон иборат буда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар таҳхонаи бино як толори варзишӣ ва ошхона низ ҷойгир шудааст. Зикр гардид, ки бинои тозабунёд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва соҳибкорон сохта шудааст. Қоҳир Расулзода дар суҳбат бо кормандони шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ –и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз хизматҳои шоистаи онҳо бобати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуда, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро омили муҳим барои беҳбудии кор арзёбӣ кард. Раиси вилоят ба шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ноябрь 21, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш