Ифтитоҳи бинои ТҶММ дар Куҳистони Мастчоҳ

Ноябрь 13, 2013 09:32

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова).- Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони бинои кумитаи ноҳиявии Ташкилоти мададгори мудофиа дар арафаи анҷомёбист. Хароҷоти сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои дохилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ аз соли 2011 оғоз гардиданд. 
Бино аз утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ барои тайёр кардани мутахассисон ва иншооти ёрирасон иборат аст. 
Бояд гуфт, ки Кумитаи созмони мудофиаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар даврони истиқлол таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намудааст. Он дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба тайёр кардани мутахассисон барои хоҷагии халқ фаъолият мебарад. 
Тавре ки котиби матбуотии ТҶММ Абдурақиб Қодиров хабар дод, ба истифода додани бино охирҳои моҳи ноябр дар назар аст. 
 

Ноябрь 13, 2013 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш