Ифтитоҳи шуъбачаи шаҳрии милитсияи «Шодиёна»
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба иди касбии кормандони милитсия дирӯз шуъбачаи шаҳрии милитсияи «Шодиёна»-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи шуъбача вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саиднуриддин Алиев, сардорони раёсатҳо, ҳайати шахсӣ ва дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоатчигии минтақа иштирок намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни азназаргузаронии ҳуҷраҳои корӣ аз таҷҳизоти замонавие, ки барои фаъолияти хизматӣ муҳаё гардидаанд, вазири корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Бояд зир кард,ки бинои мазкур иборат аз се ошёна ва таҳхона буда, барои 19 нафар корманди милитсия пешбинӣ гардида, дар он қисми навбатдорӣ, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ҷойи хӯрокхурӣ ва шароитҳои маишӣ мавҷуданд.
Зимни ҳамсуҳбат шудан бо кормандони шуъбачаи мазкур вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ҳамкориро бо аҳолӣ зичтар намуда, доимо бо онҳо дар робитаи наздик қарор дошта бошанд.
Мавриди зикр аст, ки шуъбачаи шаҳрии милитсияи «Шодиёна» дар гузаргоҳи 4-уми кӯчаи Матросови ноҳияи Фирдавсӣ қарор дошта, барои хизмат расонидан ба 50 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






