Имзои созишнома ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо кор
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова)-2 ноябри соли 2013 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз 28 октябри соли 2013 ҷиҳати ба тайёрии касбӣ ва бозомўзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва корҷўён аз ҳисоби занону духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбии сохтори вазорат маросими имзои «Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии Султони Кабир» дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Созишномаро вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ва директори Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии Султони Кабир Азамхон Кабиров ба имзо расониданд, ки ин барои дар муддати кўтоҳ фаро гирифтан ба касбомўзӣ ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони бекор мусоидат менамояд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






