Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуда, барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ 7 ноябр ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай афзуд, ки мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд. Ҳамин тариқ ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзадба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






