Интихобот дар Роғун дар кадом сатҳ ҷараён дорад?
Душанбе, 6 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои овоздиҳии шаҳри Роғун ба таври муташаккилона ҷараён дорад», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Аҳмад Аскаров-раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии Роғун №6. Мавсуф афзуд, ки овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ аз соати 6:00 субҳ оғоз гардида, мардум бо руҳияи болида вориди қитъаҳои раъйдиҳӣ мегарданд. То соати 12:00 дар ҳавзаи интихоботии Роғун №6 аз 21 ҳазору 100 нафар интихобкунандагон 16 ҳазору 336 нафарашон дар интихобот иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз доданд, ки ин 74,4% -и шумораи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.
Аҳмад Аскаров зикр кард, ки дар шаҳри Роғун соли равон 565 нафар ҷавононе, ки синнашон ба 18 расидааст, дар маъракаи муҳими сиёсӣ бори аввал иштирок менамоянд. Аз ин шумора аллакай 435 нафари онҳо ба қитъаҳои интихоботӣ омада, раъй доданд Ҷавононе, ки бори нахуст дар интихобот иштирок намуданд, аз ҷониби масъулини участкаҳои овоздиҳӣ хуш истиқбол гардида, ба онҳо ҳадяҳо тақдим карда шуданд,- афзуд Аҳмад Аскаров. Ҳамзамон аз қитъаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии Роғун №6, ки теъдодаш ба 21 адад мерасад, нозирони байналмилалӣ аз созмонҳои бонуфуз, назири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо боздид намуда, ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро мушоҳида намуданд.13.23.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






