Интихобот-маъракаи муҳими сиёсӣ

Ноябрь 6, 2013 14:28

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодик). -Имрӯз соати 6:00 маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вилояту шаҳру ноҳияҳои ҶТ шуруъ шуд. Участкаҳои интихоботии №№ 66,67, ки дар ноҳияи Сино қарор доранд, ба чунин чорабинии сиёсӣ пурра омодаанд.
 Илҳомиддин Раҷабалиев, раиси участкаи интихоботии №66 гуфт,  дар участкаи интихоботии онхо 245 нафар овоз додаанд. 
Ба гуфтаи раиси участкаи интихоботии №67 зиёда аз 600 нафар овоз додаанд ва то соати 20-00 овоздиҳӣ идома мекунад.
 
 
 
 

Ноябрь 6, 2013 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш