Интихоботи озод, шаффофу демократӣ- мароми мост!

Ноябрь 4, 2013 10:41

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 2 ноябри соли 2013 дар шаҳри Рязани Русия бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи раисони ҷамъиятҳо ва аъзои комиссияи интихобии №44, инчунин хамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Рязан доир гардид. Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар вилояти Рязан Азим Махсумов оид ба баргузории интихобот ва даъвати шахрвандони Тоҷикистон, ҳузури фаъоли онҳо дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ, ҳамчунин таҳияи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати расонидани хабарнома барои тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ — шахрвандони ҶТ, ки дар вилояти Рязан ва шахру ноҳияи он фаъолият доранд, мулоҳизаронӣ намуд.Зимни мулоқот бо роҳбарони диаспораҳо ва ҳамватонони бурунмарзӣ аз тарафи раиси участкаи интихоботии №44 ҷиҳати иштироки шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар рӯзи 6-ноябр ва риояи тартибу интизом ва ҷараёни баргузории интихобот, инчунин иҷрои ухдадориҳои муайян гардида, барои ҳар як ҷамъият ва шахсони алоҳида таъкид гардид. Зикр шуд, ки интихоботи озод, шаффофу демократӣ мароми мост! Интихобот дар низоми демократӣ аз рукнҳои асосӣ ва ниҳодест, ки ифодаи ирода ва идораи давлатро таъмин менамояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи демократии тараққиётро пеш гирифт ва тибқи Конститутсия барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро мароми бунёдии худ эълон намуд.Дар хатми ҷаласа таъкид гардид, ки тоҷикони вилояти Рязан бо эҳсоси баланди масъулият ва адои қарзи ватандорӣ чорабинии муҳими сиёсӣ- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд гузаронида, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз хоҳанд дод.Дар ин бора аз шуъбаи робита ба ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.

Ноябрь 4, 2013 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд