Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои АБ ИДМ
Душанбе, 28 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Субҳи имрӯз Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор дорад, бо ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз оромгоҳи қурбониёни муҳорибаи Ленинград боздид намуда, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи гузаштагонро пос доштанд. Бояд тазаккур дод, ки 27 ноябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, Ассамблеяи Байнипарлумонии АвруОсиё, Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри соҳили Нева -Санкт-Петербург сафар кард. Ҳамзамон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Саиди Ёқубзод, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Ҳақдодов ва вакили Маҷлиси намояндагон Амирхон Сафаров дар кори ҷаласаи комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ иштирок намуданд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, ҳайати мазкур имрӯз дар кори ҷаласаи 6-уми пленарии Ассамблеяи Парлумонии СААД, ҷаласаи бюрои Ассамблеяи Байнипарлумонии АвруОсиё, ҷаласаи Шӯрои Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва конфронси байналмилалии илмию амалии «Қонунгузории давлатҳои аъзои СААД дар бахши таъмини амнияти иттилотӣ: ҳамоҳангсозии таҷриба, мушкилот ва дурнамо» иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






