Истеҳсоли намаки йоднок дар «Хоҷа Муъмин»
Восеъ, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Олимон исбот намудаанд, ки кони намаки Хоҷамуъмин, ки яке аз бузургтарин конҳои намак дар ҷаҳон ба шумор меравад, метавонад як аср аҳолии курраи заминро бо намак таъмин намояд. Барои истеҳсоли намаки хушсифат аз кони мазкур дар даҳаи сеюми моҳи октябр дар ноҳияи Восеъ Ҷамъияти саҳомии «Хоҷа Муъмин» корхонаи коркарди намаки хушсифатро муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дод. Корхонаи мазкур аллакай дар давоми 12 рӯзи фаъолият беш аз 200 тонна намаки хушсифати йоднок кардашуда истеҳсол намудааст, ки сифати маҳсулоташ ба меъёрҳои ҷахонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар айни замон дар корхона 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки панҷоҳ фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин дар корхона таъмиру барқарорсозии анборҳо идома дорад ва намаки ҷамъшуда дар онҳо захира мешавад. Ба иттилои роҳбари корхона аллакай маҳсулоти истеҳсолгардида бо тамғаи корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба фурӯш бароварда шудааст ва мувофиқи дархости соҳибкорон ва корхонаю ташкилот Ҷамъияти саҳҳомии «Хоча Муъмин» имкон дорад ба воситаи нақлиёти худ миқдори зарурии намакро ба харидорон дар муҳлатҳои кутоҳтарин дастрас намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






