Истифодаи ангишт сифати сементро паст намекунад

Ноябрь 27, 2013 15:03

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Имрӯз дар ҷумҳурӣ се корхонаи калон аз қабили «Тоҷиксемент» — и шаҳри Душанбе, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷикистон» — и Варзоб, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуасин Ғаюр семент» — и Ёвон ба истеҳсоли семент машғуланд. Корхонаҳои зикршуда то вақтҳои охир барои истеҳсоли маҳсулот гази табии Ӯзбекистонро истифода менамуданд. Аз охири соли гузашта масъалаи ҷиддии ба ҷои газ истифода намудани ангишт ба миён омад.Сардори раёсати меъёргузории техникӣ ва стандартизатсияи «Тоҷикстандарт» Назрулло Шарифов зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар корхонаҳои семент ба ҷои газ истифода намудани ангишт ба сифати ниҳоии маҳсулот таъсири манфӣ намерасонад. Имрӯз ҳамаи се корхонаи зикршуда бозори кишварро бо семент мураттаб таъмин мекунанд, ки ин боиси паст шудани сатҳи аз хориҷа ба кишвар овардани семент ва арзон шудани арзиши аслии маҳсулот гардид.

Ноябрь 27, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш