Иттилооти КМИР оид ба натиҷаҳои пешакии интихобот
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — 6 ноябри соли 2013 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Аз 4201156 (чор миллиону дусаду як ҳазору яксаду панҷоҳу шаш нафар) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардидаанд, 3 640 056 (се миллиону шашсаду чил ҳазору панҷоҳу шаш) нафар, яъне 86,6 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.
Дар асоси талаботи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ҳисобида мешавад.
Мувофиқи протоколҳои ҷамъбасти натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, байни 6 номзаде, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ва ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба тарзи зайл тақсим шудаанд:
Бобоев Олимҷон 140.733 — 3,8%
Бухориев Толибек Аҳмадович 166.224- 4,5 %
Ғаффоров Абдуҳалим 54 148 — 1,5 %
Исмонов Саидҷаъфар Исмонович 36.572 — 1 %
Талбаков Исмоил Иброимович 181.675 — 5 %
Эмомалӣ Раҳмон 3 023 754 — 83,6%
Ҳамин тариқ, мувофиқи талаботи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






