Кӯмак ба мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябри соли 2013 намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин як ҳайати дипломатӣ дар маросими супоридани техникаи компютерӣ ба мактаб-интернати маъюбон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Дар маросими кӯмаксупорӣ раиси Фонди хайриявии Тоҷикистон Талбак Назаров ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ширкат доштанд.
Барои меҳмонон намоиши театронидашуда пешкаш гардид, ки дар он хонандагони мактаби номбурда иштирок доштанд. Бачаҳо рақсу шеърхонӣ намуда, инчунин як саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш доданд.
Бояд зикр намуд, ки маблағҳо барои фаъолияти хайриявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 32 ҳазор сомонӣ дар ҷараёни Фестивали байналмилалии хайриявии таомҳо, ки дар тарабхонаи «Ёқут-2000» 21 сентябри соли 2013 бо ташаббуси Маҳфили сафирони шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Маҳфили иҷтимоии шаҳри Душанбе ва таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, бо мақсади кӯмак ҷамъоварӣ шуда буданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






